Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақиби аввалини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футболи Осиё-2016 дастаи Узбакистон мебошад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 19-сола, ки аз 13 то 30 октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор мешавад, бо дастаи Узбакистон анҷом медиҳад. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “D” 15 октябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» барпо мегардад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 16 октябр муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бозӣ мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн доир хоҳад шуд. Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад.

Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чорякфинал бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яманё Эрон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн барои чаҳор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар қаҳрамонии Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «С»: Қатар, Ҷопон, Яман, Эрон.

Гурӯҳи «D»: Узбакистон, Чин, Австралия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

13 октябр (панҷшанбе)

1. Баҳрайн –Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

2. Тайланд –Кореяи Ҷанубӣ. Варзишгоҳи миллииБаҳрайн

14 октябр (ҷумъа)

3. Кореяи Шимолӣ – Ветнам. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

4. ИМА – Ироқ. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

5. Қатар – Эрон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

6. Ҷопон – Яман. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

15 октябр (шанбе)

7. Узбакистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

8. Чин – Австралия. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Даври 2-юм

16 октябр (якшанбе)

9. Арабистони Саудӣ – Тайланд. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

10. Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

17 октябр (душанбе)

11. Ветнам – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

12. Ироқ – Кореяи Шимолӣ. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

13. Эрон – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

14. Яман – Қатар. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

18 октябр (сешанбе)

15. Тоҷикистон–Чин. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

16. Австралия – Узбакистон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Даври 3-юм

19 октябр (чоршанбе)

17. Баҳрайн – Тайланд. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

18. Кореяи Ҷанубӣ –Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи миллииБаҳрайн

20 октябр (панҷшанбе)

19. Кореяи Шимолӣ – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

20. Ироқ – Ветнам. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

21. Қатар – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

22. Яман – Эрон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

21 октябр (ҷумъа)

23. Узбакистон – Чин. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

24. Австралия – Тоҷикистон.Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозиҳои чорякниҳоӣ

23 октябр (якшанбе)

25. 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

26. 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

24 октябр (душанбе)

27. 1 «С» – 2 «D». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

28. 1 «D»– 2 «С».Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

27 октябр (панҷшанбе)

*Плей-офф 1 – Мағлубшудаи 25 – Мағлубшудаи 27. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

*Плей-офф 2 – Мағлубшудаи26 – Мағлубшудаи 28. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозиҳои ниманиҳоӣ

29. Ғолиби 25 – Ғолиби 27. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

30. Ғолиби26 – Ғолиби 28. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

30 октябр (якшанбе)

*Плей-офф 3 – Ғолибиплей-офф 1 – Ғолиби2. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозии ниҳоӣ

31. Ғолиби 29 – Ғолиби 30. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

* Бозиҳои плей-офф дар мавриде баргузор мешаванд, ки агар Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳ ёбад. Дар ин маврид ғолиби плей-офф-3 ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017, ки дарКореяи Ҷанубӣ доир мешавад, роҳхат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG