Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одесса: Афроде аз мавҷудияти бомба хабар доданд


Дар шаҳри Одессаи Украина афроди номаълум хабар доданд, ки Майдони Куликово "минакорӣ" шудааст. Ин иттилоъ санҷида мешавад, ба ҷои ҳодиса техникаи минаруб ва кормандони пулис ҳозир шудаанд, хабар медиҳад вазири корҳои дохилии Украина Зорян Шкиряк.

Гап дар бораи бинои Хонаи иттифоқҳои Одесса меравад, ки ду сол пеш дар ҳамин рӯз зимни бетартибиҳо ба оташ кашида шуд.

"Дар сурати сар задани иғвои мусаллаҳона аз ҷониби нерӯҳои ҷудоихоҳи зиддидавлатии русиягаро, ки ба ҷон ва суботи сокинони осоишта ва ё кормандони мақомоти қудратӣ хатари мустақим эҷод кунад, ҷавоб тунд ва мутаносиб хоҳад буд", - гуфтааст Шкиряк.

Раиси вилояти Одесса Михаил Саакашвили пештар гуфта буд, "иттилои дақиқ" дорад, ки 2 май аз ҷониби душманони "дохиливу хориҷӣ"-и Украина дар Одесса иғво сурат мегирад. Вай ҳамчунин гуфт, ба мақомоти қудратӣ дастур надодааст, ки дар сурати сар задани низоъ тир кушоянд.

Имрӯз солгарди ҳодисаҳои 2 майи соли 2014 аст, ки он замон дар Одесса миёни иштирокчиёни роҳпаймоии "Барои ваҳдати Украина" ва мухолифони Майдон задухӯрд ба миён омада, дар он зиёда аз 40 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG