Пайвандҳои дастрасӣ

Бонк пули гумонбаршудаи ифротгароро "ҳабс" кард


Шаҳобиддин Бозорбоев, сокини 33-солаи шаҳри Қарасуи Қирғизистон шикоят дорад, ки бахши маҳаллии бонки KICB тӯли 4 моҳ пули ӯро, ки 17,5 ҳазор доллари амрикоист, барояш намедиҳад.

Шаҳобиддин Бозорбоев мегӯяд баъд аз он ки барои сафари Курёи Ҷанубӣ визаи тиҷоратӣ гирифта натавонист ва маҷбур шуд пасандозашро аз “Бонки қирғизии сармоягузориву қарзӣ” (KICB) бозпас талаб кунад, кормандони бонк гуфтаанд, ки маблағи ӯ бино бар як номаи пулиси молӣ "ҳабс" шудааст. Дар ин нома гуфта шудааст, ки Бозорбоев дар иртибот бо созмонҳои ифротиву тундгаро гумонбар аст.

"Маро ба бахши 10-уми корҳои дохилии шаҳри Қарасу ва бахши маҳаллии КДАМ даъват карданд. Ман барояшон гуфтам, ки ифротгаро ва террорист нестам ва баёнот ҳам навиштам. Пулиси шаҳри Қарасу ва вилояти Ӯш ба Хадамоти ҷустуҷӯи молӣ санаде навиштанд, ки дар он гуфта мешавад: “Вай воқеан тундгаро нест”. Аммо маъмурони КДАМ аз ман талаб доранд, ки ба масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ рафта, “тундгаро”, “узви “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва “салафӣ” набуданамаро дар назди ҳама бигӯям ва онро дар видео сабт кунам”, - гуфт Шаҳобиддин Бозорбоев ва афзуд, ки ба ин талаби маъмурони амниятии Қирғизистон розӣ шудааст, -- мегӯяд Бозорбоев.

- Вале ҳатто дар ин сурат онҳо ба ман гуфтанд, ки мавзӯи бозпас додани маблағи ман норӯшан аст, - гуфт Бозорбоев. Намояндаҳои KICB гуфтанд, ки “рӯйхати сиёҳе” вуҷуд дорад ва ба онҳо маълум шудааст, ки ин шахс дар ин рӯйхат аст. “Вай бояд ба сохторҳои зирабт муроҷиа кунад. Пулҳои вай дар бонки мо маҳфуз аст ва ҳеҷ куҷое нопадид нашудааст”, - афзуданд намояндаҳои бонк.

Дар ҳамин ҳол дақиқ шуд, ки 17,5 ҳазор долларро Шаҳобиддин Бозорбоев аз бонки дигар қарз гирифта, дар иваз ҳавлии худро ба гарав гузоштааст. Бонк ҳавлии ӯро аллакай ба фурӯш мондааст. Ба ғайр аз ин, Шаҳобиддин аз ҳаққи пардохти андоз барои тиҷораташ дар бозор маҳрум шудааст. Кормандони идораи андоз ба вай гуфтаанд, ки ӯ аз ҳаққи анҷоми ҳар гуна амалиёти молӣ маҳрум шуда ва аз гирифтани андозпулӣ аз вай худдорӣ кардаанд. Дар чунин шароити ноилоҷӣ Шаҳобиддин Бозорбоев унвонии раиси ҷумҳур ва додситони кулли Қирғизистон хаттӣ муроҷиат кард. Аммо, ба гуфтаи вай, ҳамаи номаҳояш бепосух мондаанд.

XS
SM
MD
LG