Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду раҳбари хориҷии Кумтор Қирғизистонро тарк кардаанд


Мақомоти Қирғизистон хабарҳоро дар бораи аз ин кишвар рафтани ду шаҳрванди хориҷӣ, яъне муовинони ширкати тиллои Кумтор таъйид карданд. Ин дар ҳолест, ки ширкати онҳо таҳти баррасӣ қарор гирифтааст.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонии кулли Қирғизистон 2 май гуфтаанд, ки онҳо ин ду раҳбари ширкатро пас даъват хоҳанд кард, то ба суолҳо дар бораи интиқоли ғайриқонунии миллионҳо доллар дороии ин ширкат ба бонкҳои хориҷӣ ҷавоб диҳанд.

29 апрел матбуоти Қирғизистон хабар дод, ки Марк Буртон ва Леслӣ Лою-муовинони раиси ин ширкат баъд за расидагӣ дар дафтари кории онҳо дар Бишкек Қирғизистонро тарк кардаанд. Ин расидагиро мақомоти ин кишвар анҷом додаанд.

Соҳиби аслии ширкати тиллои Кумтор ширкати канадаии Centerra Gold мебошад ва Кумтор бузургтарин кони тилло дар Қирғизистон аст. Аз соли 2012 ба ин сӯ сокинони маҳаллӣ борҳо ба эътироз баромадаанд ва хостаанд, ки ин кони тилло миллӣ карда шавад.

Баъд аз моҳи декабр байни ширкати Centerra Gold ва ҳукумати Қирғизистон музокирот дар бораи имкони тақсими он ба дарозо мекашад.

XS
SM
MD
LG