Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 1 май ду бозии боқимондаи даври чоруми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ду бозии боқимондаи даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи якшанбеи 1 май ба поён расид. «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 7:1 пирӯз шуд. Дар бозии дигар «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бар "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ёдовар мешавем, се бозии даври чоруми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 30 апрел барпо гардид. Дар ҳарсе бозӣ мизбонон пирӯз шуданд. ССКА «Помир»-и Душанбе бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 1:0,"Вахш"-и Қӯрғонтеппа бар «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ва “Регар-ТадАЗ»-иТурсунзода бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои “ССКА “Помир” ва “Вахш” аввалин пирӯзӣ ба даст оварданд, вале “Хуҷанд” ва “Ҳосилот” барои бори аввал шикаст хӯрданд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол», ки дар ҳамаи чор бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, бо 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона шуд. Бо вуҷуди бохт “Хуҷанд” бо 9 имтиёз мевқеашро дар зинаи дувум нигоҳ дошт. “Хайр” бо 8 имтиёз ба зинаи севум баромад.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзҳои 5, 7 ва 8 май баргузор мешаванд. Рӯзи панҷшанбе «Хуҷанд» дар майдони худ бо «Истиқлол» бозӣ мекунад. Рӯзи шанбеи 7 май «Хайр» бо дастаи меҳмон - «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» дар меҳмонӣ бо «Парвоз» рақобат хоҳанд кард. Рӯзи якшанбеи 8 май «Барқчӣ» бо ССКА «Помир» ва «Равшан»дар Кӯлоб бо «Вахш» вориди рақобат мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

ССКА «Помир» – «Ҳосилот» – 1:0

Гол: Комрони Мирзонаҷот, 47.

«Вахш» – «Барқчӣ» – 2:0

Голҳо: Худойдод Узоқов, 18 (1:0). Собир Холматов, 55 (2:0).

Огоҳонида шуданд: Аҳтам Ҳамроқулов, Улуғбек Абдулхайров («Вахш»), Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»).

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 3:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 36 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 71 (2:0). Ромиш Ҷалилов, 75 (3:0).

Огоҳонида шуданд: Алишер Шарифов, Фирӯз Қараев, Ромиш Ҷалилов («Хуҷанд»).

1 май (якшанбе)

«Истиқлол» - «Равшан» - 7:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбаев, 17 (1:0). Акмал Холматов, 32 (2:0). Парвизҷон Умарбаев, 37 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 75 (5:0). Нозим Бобоҷонов, 78 (6:0). Ҷаҳонгир Алиев, 84 (7:0). Қадам Абилов, 88 (7:1).

Огоҳонида шуд: Саидхони Амрохон («Равшан»).

«Парвоз» – «Хайр» -2:3

Голҳо: Мӯҳсинҷон Парпиев, 7 (0:1). Аваз Норқӯзиев, 14 (1:1). Агблей Ҷонес, 19 (1:2). Баҳодур Шарифов, 38 – аз пеналтӣ (1:3). Меҳрулло Бобоев, 54 (2:3).

Огоҳонида шуданд: Асатулло Нуруллоев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Руслан Таваккалов («Парвоз»), Агблей Ҷонес, Менсаҳ Даниэл Абан, Миралӣ Муродов («Хайр»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

4

0

0

18-6

12

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

3

0

1

4-4

9

3

«Хайр» (Ваҳдат)

4

2

2

0

7-2

8

4

“Ҳосилот” (Фархор)

4

2

1

1

7-5

7

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

2

0

2

7-5

6

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

4

1

1

2

5-5

4

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

1

1

2

2-3

4

8

«Барқчӣ» (Душанбе)

4

1

1

2

6-8

4

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

4

1

0

3

3-8

3

10

«Равшан» (Кӯлоб)

4

0

0

4

1-15

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 4 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») –3-тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Абдурасул Раҳмонов («Ҳосилот»), Комрон Турсунов, Ромиш Ҷалилов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Акмал Холматов, Парвизҷон Умарбоев (ҳарду – «Истиқлол»), Меҳрулло Бобоев («Парвоз») – 2-тӯбӣ.

Даври 5-ум:

5 май (панҷшанбе)

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

7 май (шанбе)

«Хайр» – «Регар-ТадАЗ»

«Ҳосилот» – «Парвоз»

8 май (якшанбе)

«Барқчӣ» – ССКА «Помир»

«Равшан» – «Вахш»

Оғози бозиҳо – соати 16:30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG