Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқид аз CIA барои навиштаҳо дар Твиттер


Хонаи Усома бин Лоден дар Аббутобод
Хонаи Усома бин Лоден дар Аббутобод

Созмони кашфи марказии Амрико ё CIA 2 май баъд аз хотирнишон кардани 5-ӯмин солгарди қатли Усома бин Боден-раҳбари шабакаи Ал Қоида ба танқидҳои интернетӣ дучор шуд. Ин созмон дар сафҳаи твиттери худ гӯё ба таври зинда аз он ҳодисаҳо ёдоварӣ мекард, мисли ин ки ин куштор ҳамин рӯз рух дода бошад.

Раҳбари Ал Қоидаро нируҳои дарёии Амрико дар пинҳонгоҳаш дар Аббутободи Покистон бомдоди 2 маи соли 2011 ба қатл расонданд.

Бо гузашти дуруст панҷ сол аз ин ҳодиса Созмони кашфи марказии Амрико навиштаҳоеро дар Твиттер бо паёмҳову аксҳо гузошт. Дар он аксҳои манзиле гузошта шудааст, ки Усома бин Лоден дар он паноҳ мебурд.

Гузашта аз ин, саҳнае аз лаҳзаҳои расидани хабари марги бен Лоден ба Кохи Сафеди Вашингтон гузошта шудааст. Мунаққидони твиттер ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ ин навиштаҳои Созмони кашфи марказии Амрикоро “соддалавҳӣ” ва “шармовар” арзёбӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG