Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон аз шумораи бештари занон, ки дар интихоботи порламонӣ намоянда интихоб шудаанд, ситоиш кард.

Рӯҳонӣ 1 май дар Теҳрон гуфт, “бори аввал 18 нафар занон намояндаи порламон интихоб шудаанд ва мо аз ин шумораи рекордӣ хушҳол ҳастем”. Вай афзуд, мо умедворем, ки шумораи бештари занон ташвиқ ва ба сиёсат ҷалб шаванд.

Дар даври дуввуми интихобот, ки 29 апрел баргузор шуд, 4 зан пирузӣ ба даст оварданд ва ба 14 нафаре пайвастанд, ки дар даври аввал моҳи феврал намоянда интихоб шуда буданд.

Дар порламони пешин танҳо 9 нафар занон намояндаи Маҷлис буданд. Маҷлис ё порламони Эрон дорои 290 курсӣ аст.

Ҳамаи 18 нафар занони намоянда ё аз ҳизби ислоҳотталаби Рӯҳонӣ ҳастанд ва ё чун намояндаи мустақил дар интихобот ширкат кардаанд.

Ҳеҷ як аз номзадҳои зан аз гурӯҳи муҳофизакорон дар интихобот пируз нашудаанд.

XS
SM
MD
LG