Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба гузоришҳо, артиши Ироқ шаҳраки Баширро аз гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ ба назорати худ даровардааст. Дар ин шаҳрак аслан туркманҳо зиндагӣ мекунанд.

Мақомоти расмии курд 1 май гуфтанд, ки нируҳои Пешмаргаи курд ва ниманизомиёни шиа бо ҳимояти нируҳои ҳавоии эътилофи зери фармондеҳии Амрико ин шаҳракро муҳосира кардаанд ва сипас ба назорати худ даровардаанд.

Шӯрои амнияти минтақаи Курдистон ва фармондеҳи шиаи туркманҳо низ тасдиқ карданд, ки ин шаҳрак дигар дар дасти гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ нест.

Нируҳои туркман аз гурӯҳи Ҳашд ал Шобӣ низ дар тасарруфи Башир ширкат доштанд.

Ассо Маманд як мақоми расмӣ аз Ҳизби иттиҳоди ватанпарастони Курдистон гуфтааст, ки чанд рустои атрофи шаҳраки Башир низ, яъне Албу Мафраҷ ва Мазоргай Имом 30 апрел аз дасти тундравҳои Давлати Исломӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG