Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва Пекин


Рӯзи 2 май парвози ҳавопаймо миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Пекини Чин аз ҷониби ширкати “Тоҷик Эйр” ифтитоҳ мешавад.

Масъулони дафтари матбуоти ширкати “Тоҷик Эйр” зимни тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфтанд, ки “ин маросим асри имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе доир шуда ва замони парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Пекин соати 17:00 ва аз Пекин ба Душанбе соати 5:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ хоҳад буд.”

Ба гуфтаи масъулон, нахустин парвози ҳавопаймо бо 17 мусофир аз Душанбе ва дар роҳи бозгашт бо 25 мусофир тариқи ҳавопаймои Боинг – 752 анҷом мешавад

Ба ин тартиб, қарор аст, парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе – Пекин – Душанбе ҳафтае як бор - рӯзҳои душанбе сурат бигирад. Нархи билети парвози ҳавопаймо дар ин самт барои як ҷониб маблағи 2573 сомонӣ муодили 287 евро ва ҳар ду ҷониб 5014 сомонӣ муодили 547 евроро ташкил медиҳад.

Зимнан, ширкати “Тоҷик Эйр” парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Теҳрон, Санкт – Петербург, Маскав, Новосибирск, Алмато ва Бишкекро анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG