Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Назарбоев аз такрори "сенарияи Украина" дар Қазоқистон


Нурсултон Назарбоев дар ҳоле ки аз такрори "сенарияи Украина" дар кишвараш ҳушдор дод, гуфт, ки иқтисоди як замон қавии он кишвар ба далели даргириҳои ду соли охир ба ду зону нишастааст.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар пайи эътирозҳо ба фурӯш ё иҷораи замин дар кишвараш аз такрори "сенарияи Украина" ҳушдор дода ва сокинонро ба ҳамдилӣ хонд. Ӯ дар суханронии 1 май дар ҷашни Ваҳдати миллӣ гуфт, ҳамагуна ноамнӣ рифоҳи мардум ва, ҳамин тавр, иқтисоди кишварҳоро барбод хоҳад дод.

Ӯ дар ин замина аз ҳодисаҳои ду соли пеши Украина ёдоварӣ карда ва гуфт, ки иқтисоди як замон қавии он кишвар дар пайи идомаи даргириҳо ба ду зону нишастааст: ​"Иқтисоди Украина, ки дувумин кишвари бузурги пасошӯравӣ буд, ҳоло ба ними иқтисоди Қазоқистон баробар аст."

Ба қавли Нурсултон Назарбоев, "чунин вазъият аз он сабаб рух додааст, ки кишвар ваҳдати миллӣ ва эҳсоси ҳадаф надорад, ҳеч вазифа иҷро намешавад, мардум бо кори дигар машғуланд: ҷанг бо якдигар, куштор ва ҷанҷол..." Баъд аз пайвастани Қрим ба Русия дар соли 2014 то ҳол ҳукумати ғарбгарои Украина бо ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи ин кишвар мубориза мебарад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, аммо "дар кишвари мо оромӣ ҳукмфармост. Мардуми мо ҳамаи ҷашнҳоро якҷоя таҷлил мекунанд. Мо, албатта, ба ҳама ҳадафҳои худ мерасем, аз ҷумлу барои боз ҳам беҳтар карданис атҳи зиндагии мардум. Аммо бисёр муҳим аст, ки насли ҷавон мустақилӣ, ягонагӣ, дӯстӣ ва оромиро ҳифз бикунад."

Дар ҳамин ҳол, эътирозгарон дар шаҳрҳои Қизилорда ва Жанаозен 1 май зидди нақшаҳои ҳукумат, ки мехоҳад заминҳои давлатиро барои шахсони алоҳида ба музояда гузорад, гирдиҳамоӣ карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, гирдиҳамоиҳо пароканда шуда, чанд эътирозгар дар Қизилорда аз тарафи пулис боздошт шуданд. Ҳарчанд бархе аз эътирозгарон ба назди мақомоти маҳаллӣ барои шикоят даъват шуда буданд.

Фаъолон ба муовини вилояти Қизилорда Серик Кожаниёзов гуфтанд, ки шаҳрвандон ҳақ доранд дар мавриди истифодаи заминҳои давлатӣ изҳори назар кунанд. Кожаниёзов посух дод, ки хусусисозии пешбинишуда қонунан асос ёфта, зарур аст, зеро онҳое, ки ҳоло соҳиби замин ҳастанд ба таври зарурӣ барои он ғамхорӣ намекунанд.

Эътирозҳо зидди фурӯши замин ба хориҷиҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

XS
SM
MD
LG