Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури Ибодӣ барои ҷазо додани юришгарон


Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ амр додааст, онҳоеро, ки ба Минтақаи Сабзи Бағдод юриш бурданд ва ба вакилони мардумиву маъмурони амниятӣ ҳамла карданд, ба ҷавобгарӣ кашида ҷазо бидиҳанд. Амри мазкур рӯзи якуми май ва рӯзе баъд аз он содир шуд, ки тазоҳургарони хашмгин ба бинои порлумон ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ ворид шуданд ва харобкорӣ карданд. Аксарияти тазоҳургарон рӯзи якуми май бинои порлумонро тарк карданд, вале садҳо нафар дар Минтақаи Сабз монданд ва дар назди бино нишеман заданд. Дар ин минтақа, асосан сафоратхонаҳои хориҷӣ ва қароргоҳҳои ҳукуматии Ироқ ҷойгиранд. Авзоъ дар инҷо ҳоло ором шудааст. Рӯзи 30-уми апрел садҳо нафар аз тарафдорони Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиамазҳаб баъди он тазоҳурот карданд, ки вакилони порлумони Ироқ аз раъйдиҳӣ дар бораи ислоҳот дар таркиби ҳукумат ва таъйини вазирони нав даст кашиданд. Мақомоти интизомӣ баъди ин ҳодиса дар Бағдод вазъи фавқуллода эълон карданд.

XS
SM
MD
LG