Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Аслов бо Алмосбек Отамбоев


Сироҷиддин Аслов бо Алмосбек Отамбоев

Сироҷиддин Аслов бо Алмосбек Отамбоев

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 30 апрел бо Алмосбек Отамбоев – раисиҷумҳури Қирғизистон ва Эрлан Абдилбаев – вазири хориҷаи он кишвар дар Бишкек мулоқот кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва, инчунин, амнияти минтақа баҳс шудааст. Ба иттилои манбаъ, "таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бахши сиёсат, тиҷорат, энержӣ ва об, роҳу мухобирот, фарҳанг ва марз равона шуд." Сироҷиддин Аслов рӯзи 29 апрел бо сафари расмӣ ба Қирғизистон рафта буд.

XS
SM
MD
LG