Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйдиҳандагони серб тазоҳурот карданд


Ҳудуди 2000 нафар дар шаҳри Белград, пойтахти Сербистон тазоҳурот карданд, чун ба бовари онҳо дар интихоботи зудраси рӯзи 24-уми апрел бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст. Онҳо талаб карданд, ки интихоботи порлумонӣ дар 15 ҳавза аз нав баргузор карда шавад. Тазоҳургарон рӯзи 30-уми апрел гуфтанд, ки Александр Вучич, нахуствазири Сербистон барои роҳ надодани ҳизби ростгарои ифротии Двери ба порлумон натиҷаҳои интихоботро дасткорӣ кардааст. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, Ҳизби Двери амалан як раъйи кофӣ барои вуруд ба порлумон ба даст наовард ва садди 5 дар садиро нагузаштааст. Дар сурати роҳ наёфтани ҳизби мазкур, Ҳизби пешрафти Александр Вучич 7 курсии дигари порлумонро ба даст меорад. Мақомоти интихоботӣ гуфтаанд, ки дар 15 ҳавзае, ки қонуншиканӣ сабт шуд, рӯзи 4-уми май интихоботи такрорӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG