Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарафдорони Ҳасан Рӯҳонӣ пирӯз шуданд


Муттаҳидони сиёсии Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар даври дуввуми интихоботи порлумонӣ пирӯз шуданд. Вазорати умури дохилии Эрон рӯзи 30-уми апрел бо эълони натиҷаҳои расмӣ гуфт, ки эътилофи Листи умед, гурӯҳи тарафдорони Ҳасан Рӯҳонӣ дар даври дуввуми интихоботи рӯзи 29-уми апрел 38 курсии дигарро соҳиб шуданд. Бо вуҷуди ин тарафдорони Рӯҳонӣ дар Маҷлиси дорои 290 курсӣ аксарияти мутлақро ташкил намедиҳанд. Айни замон Листи умед бузургтарин ҷиноҳи порлумони Эрон шуд, ки нахустин ҷаласаи он рӯзи 27-уми май баргузор мешавад. Аҳзоби муҳофизакор дар маҷлиси нав 86 курсӣ ба даст оварданд, ки шикасти ҳиҷолатоваре барояшон аст. Дар даври дуввуми интихобот довталабон барои ба даст овардани 68 курсӣ рақобат карданд, чун дар даври аввал дар ин ҳавзаҳо ҳеҷ яке аз довталабон раъйи кофӣ барои вуруд ба порлумон ба даст наовард. Порлумони Эрон дар сиёсатгузориҳои умда нақши мустақим надорад, вале метавонад ба сиёсатҳои Ҳасан Рӯҳонб барои пешрафти иқтисодӣ кӯмак кунад.

XS
SM
MD
LG