Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоир ва хабарнигори тоҷик мегӯяд, ки ҳамагӣ ду рӯзи қабл ҳамроҳи хонаводааш аз Тоҷикистон берун рафта, намедонад, ин муҳоҷирати онҳо то кай идома хоҳад кард?

Исфандиёри Назар, шоир ва хабарнигори шинохта, Тоҷикистонро тарк карда, барои кору зиндагӣ ба яке аз кишварҳои аврупоӣ рафтааст. Ӯ рӯзи 1 май дар посухи хаттӣ ба суоли Озодӣ навишт, ки бо аҳли хонаводааш аз ватан берун шуда, намедонад, ин муҳоҷирати онҳо то кай тӯл хоҳад кашид?

Исфандиёри Назар дар номааш гуфтааст, ки "дигар илоҷ надоштам. Агар намебаромадам, девона мешудам. Он қадар шикастаам, ки тоби таънаву дашномам нест​."

Ин шоири тоҷик вале то ҳол ба саволҳо дар бораи сабаби аслии аз Тоҷикистон рафтанаш ва оё аз кишварҳои хориҷӣ паноҳандагӣ хоҳад хост ё не, посух нагуфтааст. Аммо моҳҳои охир ӯ дар шеърҳояш бештар аз ноадолатиҳо шикоят дошт ва аз ҷумла, дар як ғазалаш бо номи "Ҳамин имшаб" мегӯяд:

"...Ман аз миллат басе гуфтам, аз андуҳи гарони он,

Чи гӯям? Дар Ватан вақте худамро хор мебинам.

Маро, эй нозанин, эй ишқи ман, аз ғам бибар бо худ,

Ки бе ту рӯзгорамро дар ин ҷо тор мебинам.​"

Исфандиёри Назар дар ҳоли ҳозир дар бораи маҳалли будубошаш хабар надода, мегӯяд, ки ҳамагӣ ду рӯзи қабл аз ватан берун шудааст. Ӯ тобистони соли 2014 низ эълон карда буд, ки аз кишвар хоҳад рафт. Вале баъдан дар суҳбаташ бо расонаҳо гуфт, ҳадаф аз рафтан аз берун ба сӯи Тоҷикистон сангандозӣ нест.

Ӯ гуфта буд, "рафтану аз берун бо эҳсоси мардум бозӣ кардану онҳоро ба мубориза даъват кардан ба муқобили миллат аст. Набояд ҳар шахси огоҳ аз ин тариқа кор бигирад. Вале, вақте дар ватан ҳам ҳеч ҷойи корат надиҳанд, ҳеч нафасат надиҳанд ва аз ҳар самт мушкил эҷод кунанд, ногузир мешавӣ, ки тарки ватан кунӣ."

Исфандиёри Назар моҳи ноябри соли 1971 дар рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1989 мактаби миёна ва соли 1996 бахши забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. То кунун чанд маҷмӯаи шеърияш, аз ҷумла "Руҷӯи Исфандиёр", "Маро супору бирав", "Ёдгори хуну хокистар", "Ҳамхуни Деваштич" ба чоп расида, маҷмӯаҳои насрияш ба мисли "Пули ҳаром", "Тӯмори хунин" ва "Нахл дар мурдоб" ба дасти хонанда расидаанд. Ӯ дар гузашта ба ҳайси сардабири ҳафтаномаи "Ҳамроз" ва "Сипар"-и вазорати корҳои дохилӣ низ кор кардааст. Як муддат сарбадири нашрияи "Дишидак" буд. Вақтҳои ахир ба ҳайси мушовири рӯзномаи “Имрӯз Нюз” кор мекард.

Ахиран созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон эълон карданд, ки тайи як соли гузашта ба камияш даҳ хабарнигори тоҷик кишварро тарк карда ва дар Амрикову Аврупо дархости кумаку паноҳандагӣ кардаанд. Танҳо барои дарёфти кумак ба созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар Порис панҷ нафар муроҷиат намудаанд.

Масъулони ин созмони ҳомии озодии баён аз ифшои ному ҳуввияти журналистон худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ҷараёни баррасии аризаи паноҳандагии журналистон ва ба хотири амнияташон номашон ифшо намешавад.

Йоҳан Бир, масъули масоили Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар ин созмони мустақар дар Порис гуфт, “дар Тоҷикистон фазои сиёсӣ то рафт мушкилтар мешавад ва як паёмади он, мутаассифона ҳамин шуд, ки мизони фирори журналистон аз кишвар афзоиш ёфтааст. Ин тамоюли нигаронкунанда ва афзояндаро мо дар гузориши ахири марбут ба Шохиси озодии матбуот дар Тоҷикистон таъкид кардем. Шумори воқеии журналистони аз кишвар хориҷшуда барои мо маълум нест, мо танҳо аз рӯи муроҷиатҳое қазоват мекунем, ки ба дасти мо расидаанд. Худи ҳамин рақам ҳам қобили мулоҳиза аст”.

Бир гуфт, бо баҳонаи мубориза бо терроризм, дар Тоҷикистон журналистон таҳти хатар қарор гирифтаанд: “Даъвати журналистон ба идораи пулис барои сӯҳбатҳои муқаддамотӣ дар бораи мақолаҳо, ҳушдори матбуот бо талаби риояи қонун дар бораи экстремизм, инчунин шантаж ва ҳам сабтҳои пинҳонӣ, аз ҷумла сабти равобити ҷинсии онҳо аз шумули ин навъи фишорҳо мебошанд.”

Вале мақомоти Тоҷикистон ҳаргуна фишору таъқиби хабарнигоронро барои озодии баён рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки дар кишвар расонаҳои мустақил ба корашон идома медиҳанд ва касе барои интиқод аз фаъолияти мақомҳои давлатӣ таҳти фишор қарор нагирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG