Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 30 апрел се бозии даври чоруми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Се бозии даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболиТоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи шанбеи 30 апрел ба поён расид. Дар ҳарсе бозӣ мизбонон пирӯз шуданд. ССКА «Помир»-и Душанбе бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 1:0,"Вахш"-и Қӯрғонтеппа бар «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ва “Регар-ТадАЗ»-иТурсунзода бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои “ССКА “Помир” ва “Вахш” аввалин пирӯзӣ ба даст оварданд, вале “Хуҷанд” ва “Ҳосилот” барои бори аввал шикаст хӯрданд.

Ду бозии боқимондаи даври чорум имрӯз, 1 май, дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни «Истиқлол»-«Равшан»-и Кӯлоб ва дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни “Парвоз” -«Хайр»-и Ваҳдат баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

ССКА «Помир» – «Ҳосилот» – 1:0

Гол: Комрони Мирзонаҷот, 47.

«Вахш» – «Барқчӣ» – 2:0

Голҳо: Худойдод Узоқов, 18 (1:0). Собир Холматов, 55 (2:0).

Огоҳонида шуданд: Аҳтам Ҳамроқулов, Улуғбек Абдулхайров («Вахш»),Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»).

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 3:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 36 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 71 (2:0). Ромиш Ҷалилов, 75 (3:0).

Огоҳонида шуданд: Алишер Шарифов, Фирӯз Қараев, Ромиш Ҷалилов («Хуҷанд»).

1 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Истиқлол» – «Равшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Парвоз» – «Хайр»

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳин «Фурудгоҳ»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

11-5

9

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

3

0

1

4-4

9

3

«Ҳосилот» (Фархор)

4

2

1

1

7-5

7

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

2

0

2

7-5

6

5

«Хайр» (Ваҳдат)

3

1

2

0

4-0

5

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

4

1

1

2

5-5

4

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

1

1

2

2-3

4

8

«Барқчӣ» (Душанбе)

4

1

1

2

6-8

4

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

3

1

0

2

1-5

3

10

«Равшан» (Кӯлоб)

3

0

0

3

0-8

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 4 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») –3-тӯбӣ, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Абдурасул Раҳмонов («Ҳосилот»), Комрон Турсунов, Ромиш Ҷалилов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG