Пайвандҳои дастрасӣ

Таркише дар Ироқ 17 нафарро кушт


Пулиси Ироқ мегӯяд, ки дар натиҷаи таркиши қавии як мошини бомбгузоришуда дар канораҳои ҷанубушарқии Бағдод 19 нафар кушта шуданд ва 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Таркиш дар маҳаллаи Наҳравон дар роҳе ба вуқӯъ пайваст, ки зойирони шиамазҳаб аз онҷо гузашта ба зиёратгоҳи Козимия мераванд. Ба гуфтаи маъмурони пулиси маҳал, ҳамлаварон зойиронро ҳадаф гирифтаанд, вале ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ҳадафи бомбгузорӣ як бозори боз дар онҷо будааст. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт, ки дар гузашта ҳам пайваста масъулияти ҳамлаҳои хунин дар маҳаллаҳои шианишин ва дигар муассисаҳо дар атрофи Бағдодро бар дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG