Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори нигаронии Амрико аз амалкардҳои Русия


Вазорати дифои Амрико аз силсилаи ҳаракатҳои “хатарнок ва ғайрикасбии” ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар назди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ кардааст. Яке аз ҳавопаймоҳои ҷангии Русия рӯзи 29-уми апрел дар қаламравҳои байналмилалии ҳавоӣ дар наздикии Баҳри Балтик дар атрофи як ҳавопаймои ҷосусии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико чарх зада ва ба он то 30 метр наздик шудааст. Телевизиони СИ Эн Эн гузориш дод, ки ҳавопаймои ҷангандаи русии СУ-27 онгуна ба ҳавопаймои RC-135 наздик шудааст ва мақомоти артиши Амрико онро парвози босуръати хатарнок номидаанд. Билл Урбан, сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфтааст, “Парвози хатарнок ва ғайрикасбии радёбӣ метавонист, сабаби расидани осеб ва ҷароҳатҳои ҷиддӣ ба халабонон шавад.” Ба қавли ӯ “Муҳимтар аз ин амалҳои хатарноку ғайрикасбии як халабон метавонад, танишҳои байни ду кишварро зиёд кунад.” Билл Урбан гуфтааст, парвозҳои батакрор ва хатарноки ҳавопаймоҳои ҷангандаи русӣ дар назди нерӯҳои Амрико мояи нигаронии онҳост. Владимир Комойедов, раиси Кумитаи дифои Думаи Давлатии Русия ва фармондеҳи собиқи сипоҳи баҳрии Русия дар Баҳри Сиёҳ рӯзи 29-уми апрел гуфт, нерӯҳои Амрико Русияро ба ин амал водор кардаанд ва парвози ҳавопаймо онгуна, ки мақомоти Амрико нишон медиҳанд, хатарнок набуд. “Чаро шумо дар инҷо парвоз карда ва Русияро ба иқдом водор мекунед. Мехоҳам бигӯям, ки бачаҳо биёед дӯст бошем. Русияро ба амале водор накунед ва сипас онро барои баҳс ба матбуот кашед.

XS
SM
MD
LG