Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато фаъолонро боздошт карданд


29 апрел пулиси Алмаато тақрибан 10 нафар фаъолони қазоқро боздошт кард, ки дар миёни онҳо рӯзноманигорони маъруф ва ҳомиёни ҳуқуқ низ ҳастанд.

Мақомот онҳоро ҳангоме боздошт карданд, ки онҳо мехостанд нишасти хабарӣ баргузор кунанд ва дар он тасмими ҳукуматро дар бораи додани заминҳои кишоварзӣ ба иҷора баррасӣ кунанд.

28 апрел пулиси Қазоқистон дар шаҳри ғарбии Оқтау даҳҳо нафар сокинони маҳаллиро, ки дар маркази шаҳр бар зидди нақшаҳои ҳукумат дар бораи иҷораи замин ба хориҷиён ба эътироз баромада буданд, пароканда кард.

Қарори ҳукумат дар бораи додани заминҳои кишоварзӣ ба иҷора ба шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 июл эътибор пайдо мекунад.

Аз 24 апрел ба ин сӯ дар шаҳрҳои Атурау, Семей ва Оқтеппа низ садҳо нафар ба эътироз баромадаанд.

XS
SM
MD
LG