Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Булғористон


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Булғористон дар мавриди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул шуд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар ин ҷаласа як қатор лоиҳаи Қонунҳои ин кишвар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда тасвиб ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Масоили марбут ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара», Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ» ва табдили номи як зумра корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва масъалаҳои дигари вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти маъмурию манзилӣ ва коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG