Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз вуруди Шветсия ба НАТО нигарон аст


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Маскав ба тасмими Шветсия дар бораи даромадан ба узвияти паймони НАТО эҳтиром мегузорад, вале дар ҷавоб ба наздик шудани низомиёни ин паймон ба марзҳои Русия тадбирҳои ҷавобӣ меандешад. Ин суханонро Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия 28 апрел дар мусоҳиба бо рӯзномаи шведии Dagens Nyheter изҳор доштааст.

Лавров гуфтааст, бо вуруди Шветсия ба НАТО мо фикр намекунем, ки ин кишвар ба мо ҳамла мекунад, вале сохторҳои низомии Шветсия ба фармондеҳи олии паймони НАТО итоат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Лавров, ин паймон Русияро барои худ хатар медонад ва мехоҳад бо ҳар роҳ онро боздорад. Барои ҳамин Русия маҷбур аст тадбирҳои зарурии низомиву техникӣ андешад. Лавров гуйфт, ин тадбирҳоро вазорати дифоъ муайян хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG