Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои ҷангандаи МиГ-31 Русия дар наздикии Камчатка роҳи ҳавопаймои низомии ИМА Пи-8 "Посейдон"-ро гирифт ва дар фосилаи 15 метр онро дунбола кард. Дар ин бора нашрияи The Washington Free Beacon бо такя ба Пентагон хабар медиҳад.

Тавре намояндаи фармондеҳии уқёнуси Ороми ИМА Дэйв Бенҳэм ба нашрия хабар додааст, ҳавопаймои Пи-8 дар фазои байналмилалӣ нақшаи ҳадафмандонаро иҷро мекард. Бенҳэм мегӯяд, гирифтани роҳи ҳавопаймо "амн ва касбӣ" буд. ИМА нисбати монеъшавиҳои ғайрикасбӣ тавассути роҳҳои низомӣ ва дипломатӣ чораандешӣ мекунад.

Намояндаи Пентагон хабар медиҳад, ки МиГ-31 ҳавопаймои Пи-8 "Посейдон"-и ИМА-ро дар фосилаи 15 метр дунбола кардааст. Ин ҳодиса дар наздикии Петропавловск-Камчатка, он ҷое, ки пойгоҳои киштиҳои зериобии атомии Русия ҷойгир аст, рух додааст. Дар моҳи ҷорӣ ин севумин ҳодисаи монеъ шудан ба ҳавопаймоҳо ва киштиҳои ИМА аз сӯи Русия аст.

XS
SM
MD
LG