Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври дуввуми интихобот дар Эрон идома дорад


Райдиҳӣ дар даври дуввуми интихоботи Маҷлис ё порламони Эрон барои 68 курсии боқимонда дар 55 ҳавза воқеъ дар 12 устон идома дорад. Ҳоло дар порламони Эрон ҳеҷ як ҳизб аксариятро соҳиб нест.

Дар ин ҳавзаҳо тақрибан 17 миллион нафар аҳолии қобили рай ба сар мебаранд. Натиҷаҳои ибтидоӣ шоми 29 апрел маълум мешавад. 68 нафаре, ки интихоб мешаванд, аз ҷумлаи 290 намояндаи порламон хоҳанд буд.

26 феврали соли ҷорӣ дар даври аввали интихобот Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон ва ҳампаймонҳои марказгарои вай пирузии чашмгир ба даст оварданд, вале натавонистанд дар порламон аксариятро соҳиб шаванд.

Комёбии Рӯҳонӣ дар даври аввали интихобот ба лағви таҳримҳои иқтисодии байналмиллалӣ дар моҳи январ иртибот дошт. Қудратҳои ҷаҳонӣ бар ивази маҳдудияти барномаҳои ҳастаӣ таҳримҳоро лағв карданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ умед дорад, ки комёбии даври аввал такрор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG