Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихтисоси 124 миллион сомонӣ ба сафоратҳои Тоҷикистон


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, имсол барои пешбурди сиёсати хориҷии кишвар 185 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин маблағ ки дар муқоиса ба соли гузашта 47 миллион бештар аст.

Тоҷикистон соли ҷорӣ барои пешбурди сиёсати хориҷӣ, нигоҳдории сафоратхонаҳо ва пардохти ҳаққулузвият дар созмонҳои байналмилалӣ 185 миллион сомонӣ харҷ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта хароҷоти кишвар барои сиёсати хориҷӣ 138 миллион сомонӣ будааст.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, аз буҷаи кишвар дар соли ҷорӣ барои нигоҳдории сафоратхонаҳо дар хориҷа 124 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст. Тоҷикистон ба иттилои ин вазорат дар хориҷа дар ҳоли ҳозир беш аз 40 сафорат дорад.

Рамазон Мирзоев, ки таҷрубаи 17-солаи сафирӣ дар Русияву Эронро дорад, рӯзи 29 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки нуфузи кишвар дар хориҷа аз таъмин будани сафир ва умуман сафоратхонаҳо вобаста аст.

Ӯ афзуд, "сафир, сафорат ва кормандони сафорат бояд маоше бигиранд, ки барои хароҷоти рӯзмарраи онҳо ва хонаводаашон дар давлате, ки ҳастанд бояд кофӣ бошад. Аз ин обрӯ ва нуфузи давлат вобаста аст. Чунки сафорат оинаи кишвар аст ва хоҳу нохоҳ намояндагони дипломатии дигар давлатҳо ба ин чиз таваҷҷуҳ мекунанд.

Рамазон Мирзоев

Рамазон Мирзоев

Чун мебинанд, ки Тоҷикистон маблағгузории сафоратҳояшро ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар кардааст, эътимоду бовариашон ҳам ба кишвар зиёд мешавад."

Ин дипломати собиқадори тоҷик дар идомаи суҳбат бо Озодӣ аз таҷрубаи солҳои аввали сафириаш ҳикоят кард, ки кишвар дар вазъи душвори иқтисодӣ қарор дошт ва аз имкони сармоягузории бояду шояди намояндагии дипломатиаш дар хориҷа маҳрум буд: "Дар оғози кор маоши ман аслан барои зиндагӣ кифоят намекард. Масалан, замоне ки дар Русия сафир таъин шудам, маошам ҳамагӣ 100 доллар буд. Кормандони сафорат боз ҳам аз ин камтар маош мегирифтанд. Чунки солҳои 1992 -93 то солҳои 2000 вазъи буҷаи кишвар хароб буд. Аз сад доллар сар карда, маош то сатҳи 1000-1500 доллар баланд шуд. Албатта, ин маош ҳам барои Русия чандон баланд ҳисоб намешавад. Аммо ба ҳар ҳол, ҳукумати кишвар талош кард чандин баробар маоши сафирон ва кормандони сафоратро баланд бардорад."

Рамазон Мирзоев гуфт, ҳукумат ба ҳар сафорат вобаста ба сатҳу мизони маоши ҳамон кишвар буҷаи сафорат, кормандонаш ва маоши сафирро таъин мекунад. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, бештар шудани буҷаи сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа падидаи нек аст, чунки ин маблағгузорӣ метавонад боздеҳи хубе дар шакли сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар бошад.

Хароҷоти сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон танҳо ба сармоягузории сафоратхонаҳо дар хориҷи кишвар ба итимом намерасад. Тоҷикистон ҳамазамон шомили 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Интерпол ва Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат аст ва муваззаф аст ҳар сол як миқдор аъзоҳаққиро дар ин созмонҳо пардохт кунад.

Ба ин ҳадаф дар соли 2016 Тоҷикистон аз буҷаи хеш беш аз 42 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Инчунин, чизе беш аз 18 миллион сомонӣ аз буҷаи кишвар барои пардохти аъзоҳаққии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ харҷ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG