Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои сабук ба омилони бомбаборони бемористони Кундуз


Бемористони Кундуз пас аз бомбаборон
Бемористони Кундуз пас аз бомбаборон

Дар Амрико дар мавриди ҳамалоти ҳавоӣ ба бемористон дар шаҳри Кундузи Афғонистон дар моҳи октябри соли гузашта парвандаи ҷиноие боз нашудааст. Барои ҳудуди 16 низомӣ, ки дар ҳамла ба бемористони созмони "Пизишкони бидуни марз" дар Кундуз даст доштанд, танҳо ҷазои маъмурӣ таъин шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти ИМА, бештари омилони ин ҳодиса кормандони хадамоти махсус буда ва муҷозоти сангин маънии поёни мақомҳои низомиро дорад. Гузориши комил дар бораи таҳқиқи ҳамалот бар бемористони Кундуз имрӯз эълон хоҳад шуд.

Моҳи октябри соли гузашта ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико иштибоҳан бемористони Кундузро ҳадаф қарор доданд. Дар натиҷа, ҳудуди 22 нафар, аз ҷумла, кормандони созмони "Пизишкорни бидуни марз" ҳалок шуданд.

XS
SM
MD
LG