Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарба ба бемористони Ҳалаб 20 нафарро кушт


Бар асари зарбаи ҳавопаймои ҷангӣ ба як бемористон дар шаҳри Ҳалаби Сурия дасти кам 14 тан аз маризон ва шаш корманди тиббӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора созмони фаронсавии “Табибони бидуни марз” рӯзи 28 апрел хабар дод. Ин созмон ахиран барои кӯмак ба бемористони Ал-Қудос, ки шоми 27 апрел мавриди зарбаи ҳавоӣ қарор гирифт, изҳори омодагӣ кард. Бемористон дар қисмати таҳти назорати ошӯбгарони шаҳр ҷойгир шудааст.

Маркази назорат аз ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, ҳам рӯзи панҷшанбе гуфт, ки дар ин зарба дасти кам 20 нафар, аз ҷумла, се кӯдак ва охирин духтури кӯдакон дар ин шаҳр, ба ҳалокат расидаанд.

Бо назардошти ҳамлаи ахир, теъдоди сокинони осоишта, ки аз рӯзи 22 апрел ба ин сӯ, бар асари даргириҳо миёни ошӯбгарон ва нерӯҳои ҳукумати Сурия бо пуштибонии Русия дар Ҳалаб кушта шудаанд, ба дасти кам 133 нафар расид. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, 84 сокини осоишта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии ҳукуматӣ ва 49 нафари дигар аз таркиши гулӯлаҳои тӯпхонаи ошӯбгарон дар маҳаллаҳои таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG