Пайвандҳои дастрасӣ

Боку аз кушта шудани як сокини осоишта ва маҷрӯҳ шудани ҳашт нафари дигар бар асари зарбаи тӯпхонаи ҷудоихоҳон аз Қарабоғи Кӯҳӣ хабар дод. Вазорати дифои Озарбойҷон аз ин пеш рӯзи 28 апрел изҳороте нашр кард, ки дар он ҷудоихоҳони қарабоғӣ дар тирборони минтақаҳои Тертеру Агдам ва нақзи оташбас айбдор мешаванд.

Аммо мансабдорони Қарбабоғи Кӯҳӣ, ки аз сӯи Арманистон пуштибонӣ мешавад, ин хабарро рад карда, дар навбати худ артиши Озарбойҷонро дар ҳамлаҳо аз тонку миномет ва системи мушакӣ айбдор намуданд.

Аз ин пеш раҳбарони ҷудоихоҳон дар Степанакерт дар бораи ҷон бохтани се сарбозашон бар асари ҳамлаҳои артиши Озарбойҷон хабар дода буданд.

Муноқиша миёни Озарбойҷону Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ аввалҳои моҳи апрел шурӯъ шуд ва бори аввал баъд аз эълони оташбас дар соли 1994 миёни артиши Озарбойҷон ва ҷудоихоҳони қарабоғӣ даргириҳо ба вуқӯъ пайвастанд.

Баъд аз чаҳор рӯзи даргириҳои шадид миёни ҷудоихоҳон ва нерӯҳои Озарбойҷон - рӯзи 5 апрел оташбас барқарор шуд, вале то ҳол садои тирандозиҳои алоҳида ба гӯш мерасад.

Қарабоғи кӯҳӣ аслан арманинишин аст, вале дар дохили қаламрави Озарбойҷон ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG