Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амниятии Лубнон рӯзи 28 апрел дар бораи аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар кушта шудани яке аз раҳбарони гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) хабар доданд.

Бино ба иттилои хабаргузории миллии Лубнон, раҳбари “Давлати исломӣ” дар манотиқи марзӣ Наиф ал-Шаълан ном дорад. Баъзе аз хабаргузориҳо аз ӯ чун Абӯ Фавз ҳам ном мебаранд.

Ҷанг дар Сурия ҷудоӣ миёни сунниҳову шиаҳоро дар Лубнони ҳамсоя амиқтар кард. Гурӯҳи шиаи “Ҳизбуллоҳ” ҳазорон ҷонибдорони мусаллаҳашро барои ҷанг аз тарафи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад фиристод. Аммо сунниҳои Лубнон ва сунниҳои суриягие, ки дар дар Лубнон панаҳ бурдаанд, аз мухолифини ҳукумати Димишқ пуштибонӣ мекунанд.

Шурӯъ аз соли 2014 ҳамлаҳои террористӣ дар Лубнон, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом медиҳад, ба карат афзоиш ёфтанд.

XS
SM
MD
LG