Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Союз" оқибат ба фазо партоб шуд


Субҳи 28 апрел аз майдони кайҳонии “Восточный" партоби киштии "Союз-2.1a" бо се маҳвора сурат гирифт. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, бахши асосӣ бо моҳвораҳо даҳ дақиқа баъд аз партоб аз баданаи киштӣ ҷудо шуд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки ҳангоми партоби мушак дар майдони кайҳонӣ буд, мутахассисонро бо партоби муваффақи киштӣ табрик гуфт ва афзуд, ки онҳо аз ин комёбияшон метавонанд ифтихор кунанд.

Парвози киштии "Союз-2.1а" бояд рӯзи 27 апрел сурат мегирифт, вале он якуним дақиқа пеш аз партоб ба фазо ғайриинтизор ва бидуни шарҳи сабабҳо лағв шуд.

XS
SM
MD
LG