Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Бутанро бо ҳисоби бузург шикаст дод


Тими Тоҷикистон
Тими Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон тими Бутанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард.

Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон дар даври дувуми сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ тими Бутанро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Ин бозии гурӯҳи “А”, ки дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, баргузор шуд, бегоҳи чоршанбеи 27 апрел ба поён расид.

Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро капитани даста Нилуфар Абдулҳаева ба ҳадаф расонд. Гулшан Сафарова ва Матлубаи Даминзода якголӣ заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Эрон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Тоҷикистону Бутан сеимтиёзӣ доранд. Мунтахаби Қирғизистон бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтааст.

Бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ҷараён доранд. Дар даври дувум мунтахаби Ҳиндустон дастаи Непалро бо ҳисоби хеле бузурги 9:0 шикаст дод. Дар ин гурӯҳ Бангладеш ва Ҳиндустон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале Непал имтиёз надорад.

Бар асоси дастури ин мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 30 апрел дар Алмосӣ ва Душанбе сурат мегиранд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ, ки 1 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад, рақобат мекунанд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ дастаҳои дар бозиҳои ниманиҳоӣ мағлубшуда барои ҷойи севум талош меварзанд.

Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ ғолиб ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан бо медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида мешаванд. Ҷоиза барои бозии боадолат - «Fair Play» - ба яке аз дастаҳо супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигар ва беҳтарин нишонзани мусобиқа бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

Бутан – Тоҷикистон– 1:4

Голыҳо: Гулшан Сафарова, 2 (0:1). Келден Ламо, 13 (1:1). Нилуфар Абдулҳаева, 18 (1:2). Матлубаи Даминзода, 21 (1:3). Нилуфар Абдулҳаева, 70+2 – аз пеналтӣ (1:4).

27 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол». 200 тамошобин.

ЭронҚирғизистон – 2:0

Голҳо: Роҷая Ҷалол Насаб, 16 (1:0). Роҷая Ҷалол Насаб, 69 (2:0).

27 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол». 100 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

5-0

6

2

Тоҷикистон

2

1

0

1

4-4

3

3

Бутан

2

1

0

1

3-5

3

4

Қирғизистон

2

0

0

2

1-4

0

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Непал – Ҳиндустон – 0:9

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Бангладеш

1

1

0

0

3-1

3

2

Ҳиндустон

2

1

0

1

10-3

3

3

Непал

1

0

0

1

0-9

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

13:00 – Бангладеш – Непал. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бутан – Эрон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – 1 «В» – 2 «А». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бозии ниҳоӣ. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

XS
SM
MD
LG