Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шойгу: Муносиботи НАТО бо Русия қобили хушбинӣ нест


Сергей Шойгу ва Владимир Путин

Сергей Шойгу ва Владимир Путин

Сергей Шойгу-вазири дифои Русия дар конфронси амниятии Маскав гуфт, ки мулоқоти Шӯрои НАТО ва Русия дар 20 апрел, ки дар ду соли охир бори аввал барпо шуд, хушбиниеро дар муносиботи Кохи Кремл бо НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ба вуҷуд наовардааст.

Вай ин суханонро дар конфронси панҷуми амнияти байналмиллалии Маскав изҳор дошт. Шойгу гуфт, гуноҳи мо рнест, ки ҳамкориҳои низомии Русия бо НАТО ва бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо боздошта шуда буд.

Паймони НАТО ба таври якҷониба ҳамкориҳои амалии худро 1 апрели соли 2014 бо Русия боздошт, зеро Русия ба Украина таҷовуз кард ва ба таври ғайриқонунӣ нимҷазираи Қримро ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд.

XS
SM
MD
LG