Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Қазоқистон роҳи ҳавоӣ ба Иссиқкӯлро меҷӯянд


Ширкатҳои ҳавоии Русия ва Қазоқистон омода ҳастанд ба Иссиқкӯли Қирғизистон хатсайрҳои мустақим роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора сардори идораи рушди сармоягузорӣ ва зерсохтории ширкати “Фурудгоҳи байналмилалии Манас” Абдималик Бусурманқулов хабар медиҳад.

Бусурманқулов зимни гуфтугӯ дар бораи корҳои анҷомшуда дар фурудгоҳ ва деҳаи Тамчӣ хабар дод, ки бозсозӣ дар чаҳор самт идома дорад. Ин насби таҷҳизоти огаҳсозии барқиву садоӣ, низоми фуруди ҳавопаймоҳо, интиқоли беисти нерӯи барқ, васеъ ва дарозтар кардани хатти парвоз аст. Ҳоло дарозии хати парвози ин фурудгоҳ то 3800 метр расонида шудааст.

Ба гуфтаи вай, бозсозии фурудгоҳи “Иссиқкӯл” дар миёнаи моҳи июни соли 2016 анҷом мешавад ва он вақт фурудгоҳ ба сурати шабонарӯзӣ ва дар давоми сол фаъолият хоҳад дошт.

“Аллакай аз чанд ширкати ҳавоии русӣ ва қазоқистонӣ дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим ба мо пешниҳод расидааст. Аз ҷумла, дар остонаи мавсими сайёҳӣ парвози доимии ҳавопаймо миёни Тамчӣ ва Алмаато, Остона ва Чимкент оғоз мешавад. Ҳамчунин таҷрибаи парвози дохилӣ дар масири Ӯш-Тамчӣ идома дода мешавад”, - хабар дод Бусурманқулов.

Ба иттилои ширкатҳои сайёҳии Русия, дар соли 2016 Қирғизистон яке аз масирҳои дӯстдоштаи сайёҳӣ барои сокинони ин кишвар мешавад. Интизор меравад, дар соли ҷорӣ ба Қирғизистон беш аз 100 ҳазор сайёҳи рус сафар карда, бештарашон мехоҳанд аз Иссиқкӯл дидан кунанд.

XS
SM
MD
LG