Пайвандҳои дастрасӣ

Нафақагирон наметавонанд пули нақд бигиранд


Дар шаҳри Нуқус, дар ғарби Ӯзбекистон, солмандон аз сари шаб дар назди бахшҳои бонк навбат меистанд, то нафақаи худро бигиранд. Аммо, бо вуҷуди ин, пули нақд ба ҳама нарасида, анҷом меёбад, - менависад Идораи хабарҳои Осиёи Марказӣ.

Уббиниёз-ота, сокини 67-солаи Нуқус гуфт, ки як ҳафта боз наметавонад нафақаи худро бигирад. Ба гуфтаи вай, аз субҳи барвақт ба бонк меравад, вале он ҷо аллакай навбати дарозе вуҷуд дорад. То навбат мерасад, ки пул дар бонк тамом мешавад.

Ба гуфтаи нафақагирон, ҳамаи пулро ба кортҳои пластикӣ гузаронидаанд. Тибқи созишнома бонк вазифадор аст, ки 40% маблағро бо пули нақд диҳад. Онҳо мегӯянд аз соати 2 шаб дар назди бонкҳо навбат меистанд. Бо фарорасии субҳ ҷанҷоли воқеӣ шурӯъ мешавад.

Нарасидани пули нақд, раванди маҷбурии оммавии ба кортҳои бонкӣ гузаронидани маош, нафақапулӣ ва пардохтҳои дигари иҷтимоии шаҳрвандон то ҳадди ғайри қобили қабул мерасад. Дар кишвар,ки бо камбуди шадиди таҷҳизоти пардохти электронӣ ва набудани банкоматҳо рӯбарӯ аст, мардум водор мешаванд барои гирифтани пули нақд дар навбатҳои беохир истанд.

XS
SM
MD
LG