Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилон дипломатҳои қирғизро муҳокима мекунанд


Кумитаи корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон барои омӯзиши фаъолияти вазорати корҳои хориҷии кишвар ва тафтиши хабарҳои ҷанҷолбарангез дар бораи дипломатҳо як комиссия таъсис дод. Дар ин бора узви ин комиссия, вакил аз ҷиноҳи Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Абдиваҳоб Нурбоев хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, комиссия рафтори дипломатеро, ки дар Қазоқистон ҷаласаи бахшида ба сайёҳиро тарк кард ва салоҳияти кормандони ҷудогонаи сафорати Қирғизистон дар Покистонро баррасӣ мекунад. Ба ғайр аз ин, вакилон посухи ВКХ Қирғизистон ба гузориши Департаменти давлатии ИМА дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳонро меомӯзанд. Пештар бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ аз раҳбари ВКХ Эрлан Абдилбоев дар робита ба вокуниши тунд ба гузориши Департаменти давлатии ИМА хоста буданд, ки истеъфо диҳад.

Ёдовар мешавем, дар миёнаи моҳи апрел дар гузориши нави Департаменти давлатии ИМА ниҳодҳои интизомии Қирғизистон дар ҳабсҳои ғайриқонунӣ, таҳдидҳо, ҳамлаҳо ва тамаъҷӯӣ айбдор шуданд. Дар гузориш ҳамчунин ба шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндонҳо, таъқиби фаъолон ва хабарнигорон ишора шудааст.

Дар посух ба ин айбҳо ВКХ Қирғизистон баён дошт, ки гузориш саҳеҳ нест ва арзёбиҳои ҷудогонаи он ангезаҳои сиёсӣ доранд. Ҳамчунин Қирғизистон гузориши Департаменти давлатии ИМА дар мавриди Қирғизистонро “сиёсатзада, беасос ва талоши нобарори фишор ба низоми мавҷудаи сиёсии кишвар ва иғвогарии сиёсӣ” унвон кард.

XS
SM
MD
LG