Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби ҷангҷӯён ба сафи ДОИШ кам шудааст


ИМА мегӯяд, шумори хориҷиҳое, ки ба сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия шомил мешаванд, дар соли гузашта якбора кам гардидааст.

Тавре Питер Герстен, генерал-майори амрикоӣ дар ҷаласаи Пентагон хабар додааст, соли гузашта ҳар моҳ то 1,5-2 ҳазор нафар ба сафи террористон мепайваст. Дар ҳоли ҳозир ин нишондод то ба 200 нафар пойин омадааст. Ҳамчунин шумори онҳое, ки аз сафи ДИ фирор мекунанд, меафзояд.

Ба гуфтаи генерал, ин тамоюл қисман натиҷаи талоши эътилофи хориҷӣ барои пешгирӣ аз сармоягузории гуруҳи террористӣ аст. Наздики 20 зарба ба мавқеи ҷангҷӯён имкон дод, ки тақрибан 800 миллион доллар сармояи гуруҳ маҳв карда шавад. Генерал Герстен гуфт, роҳбарони ДИ тавони пардохти пул ба зархаридонро аз даст доданд ва ин боис шуд, ки руҳияи ҷангҷӯён шиканад.

"Мо мушоҳида мекунем, ки онҳо тавони ҷанг карданро надоранд", - гуфт вай. Генерал аз баён кардани шумори ҷангҷӯёни ДИ дар Ироқ ва Сурия худдорӣ кард. Эътилофи хориҷӣ бо роҳбарии ИМА аз августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеи террористонро бомбаборон мекунад.

XS
SM
MD
LG