Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк" 1900 доллари сокини Восеъро додааст


Хуршед Маҳмадиев
Хуршед Маҳмадиев

Як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки баъд аз ду моҳи саргардонияш "Тоҷиксодиротбонк" аз тақрибан 15 ҳазор доллари супурдаи ӯ 1900 долларашро баргардонда, бақияашро "ба вақти дигар" мондааст.

"Тоҷиксодиротбонк" баъд аз нашри як гузориши Озодӣ ба Хуршед Маҳмадиев, сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ, ҳамагӣ 1 ҳазору 900 долларашро баргардондааст. Хуршед Маҳмадиев рӯзи 27 апрел гуфт, ки ҳоло филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар Восеъ аз ӯ 12 ҳазору 564 доллари дигар қарздор мондааст.

"Пас аз ду моҳи сарсону саргардонӣ “Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ танҳо 1 ҳазору 900 долларро дод. Онро ҳам қисм-қисм баргардонда ва гуфтанд, ки дигар пул нест," - гуфт Хуршед Маҳмадиев.

Ин сокини ноҳияи Восеъ барои бозпас гирифтани ҳудуди 15 ҳазор доллараш ду моҳ боз дари паси “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Восеъ интизор аст. Робия Отаева, модари Хуршед пештар ба Озодӣ гуфта буд, худро гунаҳкор мешуморад, ки ба писараш тавсия додааст, то пулро ба бонк супорад ва ҳоло аз аз ин кораш ҳазор бор пушаймон аст.

Ӯ мегӯяд, намедонист, рӯзе ин бонк писарашро то ин ҳад саргардон мекунад: "Дар телевизион дидем, ки мегуфтанд, дар бонк пул гузоред ва соҳиби туҳфа шавед ва ман низ ба писарам гуфтам, ки рафта дар бонк пулатро мон, ки аз хона гум нашавад. Аммо имрӯз ман аз ин тавсияи додаам ҳазор маротиб пушаймонам."

Хуршед Маҳмадиев дар ҳоле барои гирифтани маблағи худ даъво дорад, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ боз муштариёни "Тоҷикисодиротбонк" барои гирифтани маоши худ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд ва ҳатто баъзе омӯзгорон дар минтақаи Кӯлоб, то ҳол маоши семоҳаи худро аз ин бонк гирифта наметавонанд.

"Тоҷиксодиротбонк" яке аз бонкҳои сермуштарии Тоҷикистон буда, маоши аксари пизишкон, омӯзгорон ва дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз тариқи ҳамин бонк пардохт мешавад. Аммо аксари муштариёни бонк се моҳи ахир дар гирифтани маошашон ва депозитҳояшон мушкилӣ доранд.

Дастрас накардани маош, гирифта натавонистани депозитҳо аз "Тоҷикисодиротбонк" дар ҳолест, ки баъзе хабаргузориҳои Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки се бонки Русия - “Новикомбонк”, “Промсвязбонк”, "ТрансКапиталБонк" аз “Тоҷиксодиротбонк” ба Бонки миллӣ шикоят оварда, дар номаҳои расмӣ изҳор доштанд, ки чанде боз ин бонк ҳудуди 15 миллион доллар қарзи онҳоро баргардонда наметавонад. Ин се бонки Русия аз Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳалли қазия мусоидат хостаанд.

"Тоҷиксодиротбонк" яке аз чор бонки бузурги кишвар аст, ки 20-30 дарсади низоми бонкии кишварро дар даст дорад. Моликони аслии "Тоҷиксодиротбонк" чор ширкат -- ҶСК "Евразия", "Мелодиён " ва "Эҳсон" мебошанд, ки аввали беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонк ва дуи дигар дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати "Евразия" Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нуруллоев ҳастанд.

Сокини Восеъ:$15 ҳазори манро "Тоҷиксодиротбонк" намедиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

XS
SM
MD
LG