Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбии Амонатов дар мусобиқаи Тошканд


Фаррух Амонатов

Фаррух Амонатов

Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов-аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбакистон пируз шуд. Ин мусобиқа дар шаҳри Тошканд 26 апрел хотима ёфт.

Гроссмейстери тоҷик аз 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард. Гроссмейстер Рауф Мамедов аз Озарбойҷон низ 7,5 имтиёз гирифтааст, вале аз рӯи нишондодҳои иловагӣ Фаррух Амонатов мақоми аввалро касб кард.

Ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар чунин мусобиқа ба шумор меравад. Дар чунин мусобиқа Амонатов соли 2008-ум ғолиб шуда буд.

Гроссмейстери байналмилалӣ Александр Зубарев аз Украина бо 7 имтиёз мақоми севвумро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG