Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Фаррух Амонатов ва 4 ҳазор $ ҷоизааш дар Тошканд


Фаррух Амонатов
Фаррух Амонатов

Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Тошканд мақоми аввалро соҳибӣ кард ва ба унвони ҷоиза чор ҳазор доллар гирифт.

Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбакистон, ки дар шаҳри Тошканд 26 апрел хотима ёфт, ғолиб шуд.

Гроссмейстери тоҷик аз 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард. Гроссмейстер Рауф Мамедов аз Озарбойҷон низ 7,5 имтиёз гирифтааст, вале аз рӯи нишондодҳои иловагӣ Фаррух Амонатов мақоми аввалро касб кард. Ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Аз ин пеш Амонатов соли 2008-ум ғолиб шуда буд.

Гроссмейстери байналмилалӣ Александр Зубарев (Украина) бо 7 имтиёз севум шуд.

Дар мусобиқаи Тошканд 118 шатранҷбоз ширкат дошт. Тоҷикистонро ҳашт шатранҷбоз намояндагӣ кард. Мусобиқа аз рӯи системи швейтсарӣ аз 9 давр иборат буд. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медлд, ки барои ҷойи аввал 4 ҳазор, ҷойи дувум – 3 ҳазор, ҷойи севум – 2 ҳазор доллар супурда шуд. Ҳамагӣ 12 ҷоиза таъсис ёфта буд. Инчунин, беҳтаринҳо миёни занон, ҷавонмардону духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, ки барои бори даҳум баргузор шудааст, гроссмейстерҳо аз кишварҳои мухталиф, аз он ҷумла Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ду бор ғолиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG