Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти духтарони футболбози Тоҷикистон аз тими Эрон


Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дар нахустин даври сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони синашон то 14-сола аз тими Эрон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.

Ин бозӣ шоми 26 апрел дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, ба поён расид. Ду голи меҳмононро Марям Муҳаммадӣ ва як голи дигарро Баҳор Сирус ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид карданд.

Зебо Гасимова, сармураббии дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо вуҷуди бохт аз бозии шогирдонаш қаноатманд аст, зеро ки онҳо барои аввалин бор дар чунин мусобиқа иштирок карданд. "Духтарони футболбози тоҷик аз шикасти худ дар бозии аввалини мусобиқот рӯҳафтода нестанд ва дар бозиҳои минбаъда баҳри пирӯзӣ пой ба майдон мениҳанд," - гуфт ӯ.

Маъсуми Ҷаҳончӣ, сармураббии мунтахаби духтаронаи Эрон, иброз дошт, ки ба Душанбе барои ба даст овардани медалҳои тило омадаанд ва бовар дорад муваффақ мешаванд.

Дар сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ, ки рӯзи 26 апрел дар Тоҷикистон шуруъ шуд, ҳафт даста ширкат дорад. Ба гурӯҳи «А» тимҳои Тоҷикистон, Эрон, Бутан, Қирғизистон ва ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дохиланд.

Инчунин рӯзи сешанбеи 26 апрел дар ду бозии дигар Бутан бар Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ва Бангладеш бар Ҳиндустон бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Мусобиқа то рӯзи 1 май идома хоҳад кард.

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Қирғизистон, Бутан, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 2-юм

27 апрел (чоршанбе)

13:00 – Эрон – Қирғизистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бутан – Тоҷикистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Непал – Ҳиндустон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

13:00 – Бангладеш – Непал. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бутан – Эрон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – 1 «В» – 2 «А». Душанбе, варзишгоҳи«Авиатор»

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бозии ниҳоӣ. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG