Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти "Истиқлол" аз "Ал-Файсалӣ" дар Урдун


Tajikistan/Jordan -- Football play between Istiqlol (Tajikistan) and Al-Faisali (Jordan), 27Apr2016

Tajikistan/Jordan -- Football play between Istiqlol (Tajikistan) and Al-Faisali (Jordan), 27Apr2016

«Истиқлол»-и Тоҷикистон аз тими «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё аз тими «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Аммон баргузор шуд, бегоҳи 26 апрел ба поён расид. Ду голи мизбононро Халил Баниятеҳ ва Муҳаммад Ал-Рифаӣ дар нимаи аввали бозӣ ва ду голи дигарро Ёсин Бакит ва Халил Баниятеҳ дар нимаи дувум заданд. Голҳои меҳмононро Александр Каблаш ва Парвизҷон Умарбоев дар қисми дувум ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб, пеш аз даври ниҳоӣ «Истиқлол» бо як имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “В” дар зинаи охирин қарор дорад. «Истиқлол», ки шанси ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро комилан аз даст додааст, бозии охиринашро 10 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи “Триполи”-и Лубнон анҷом медиҳад.

Дастаи «Нафт Ал-Васат»-и Ироқ, ки дар даври панҷум дар меҳмонӣ«Триполи»- и Лубнонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, бо 12 имтиёз пешсафиашро дар гурӯҳ нигоҳ дошт. ”Ал-Файсалӣ” бо 11 имтиёз дар ҷойи дувум аст. “Триполи” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Ғолиби гурӯҳ дар бозии даври охирин рӯзи 10 май миёни дастаҳои «Нафт Ал-Васат» ва «Ал-Файсалӣ» маълум хоҳад шуд.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В».Даври 5-ум

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 4:2

Голҳо: Халил Баниятеҳ, 33 (1:0). Муҳаммад Ал-Рифаӣ, 38 (2:0). Ёсин Бакит, 59 (3:0). Александр Каблаш, 69 (3:1). Парвизҷон Умарбоев, 78 (4:2). Халил Баниятеҳ, 86 (4:2).

«Ал-Файсалӣ» (Урдун): Муҳаммад Маҳмуд Шатнавӣ, Иброҳим Диаб, Юсуф Раид, Муҳаммад Ал-Рифаӣ (Анас Обид Салим, 87), Баха Абдулраҳмон (Исам Ал-Мбайдин, 65), Ёсин Бакит, Шариф Аднан Носир, Салим Маҳмуд, Ясир Муҳаммад Ал-Равашдеҳ, Виера Дос Сантос (Маҳдӣ Аламах, 49), Халил Баниятеҳ.

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Акмал Холматов, 63), Парвизҷон Умарбоев, Нуридддин Давронов, Александр Каблаш, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Баха Абдулраҳмон («Ал-Файсалӣ»), Сиёвуш Асроров, Александр Каблаш («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарин: Ёсин Бакит («Ал-Файсалӣ»).

Сардовар: Муҳаммад Марай Ал-Аваҷӣ (Арабистони Саудӣ).

Нозири доварон: Анас Хакан (Австралия).

Комиссари бозӣ: Дэвид Балдоза Пенано (Филиппин).

26 апрел. Аммон. Варзишгоҳи байналмилалӣ. 1500 тамошобин.

«Триполи» (Лубнон) – «Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – 1:3

Голҳо: Ҳамза Алӣ, 8 – ба дарвозаи худ (0:1). Амҷад Валӣ Ҳусейн, 45+4 (0:2). Абдул Азиз, 78 (1:2). Мустафо Карим, 90+1 (1:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

5

4

0

1

8-3

12

2

«Ал-Файсалӣ» (Урдун)

5

3

2

0

10-5

11

3

«Триполи» (Лубнон)

5

1

1

3

5-9

4

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

0

1

4

3-9

1

Даври 6-ум:

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG