Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шогирдони яке аз мадрасаҳои вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аз рост истодан ба ҳангоми иҷрои суруди миллӣ худдорӣ карданд. Бо онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ анҷом дода мешавад, вале ин рафторашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доғро ба миён овард.

Рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии Ҷалолобод ба ибтикори қозиёти маҳаллӣ ҳамоише дар робита ба Ислом ва арзишҳои он баргузор шуд. Пеш аз оғози кори ин ҳамоиш суруди миллӣ иҷро шуд ва ҳамаи ҳозирон тибқи қоида аз ҷо бархостанд. Аммо чанд духтараки либоси мазҳабипӯш нахостанд аз ҷойи худ бихезанд ва гуфтанд, ки дар Қуръон чунин қоида навишта нашудааст.

Ин духтарҳои 16-17-сола дар мадрасаи "Оиша-Содиқ"-и Ҷалолобод таҳсил мекунанд. Дар ин муассисаи омӯзишии мазҳабӣ танҳо асосҳои ислом дарс дода мешаваду таҳсилоти дунявиву ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.

Дар ҳамоиши зикршуда шогирдони мадрасаи дигари "Имоми Аъзам"-и шаҳр ширкат доштанд, ки низ танҳо асосҳои Исломро меомӯзанд. Аммо онҳо бо арҷгузорӣ нисбат ба нишонҳои давлатӣ ва дарки ин мавзӯъ аз ҷо бархостанд, ҳарчанд дар мадраса ба онҳо ин рафтор омӯзонда намешавад.

Мудири маркази вилоятии омӯзишӣ Акилбек Токтосунов ба ин назар аст, ки дар ҳодисаи рухдода раҳбарияти мадраса гунаҳкоранд. "Ҳатто агар танҳо донишҳои динӣ дода мешуда бошад ҳам, ҳамаи шогирдон бояд дар бораи суруди миллӣ, парчам ва президент тасаввурот дошта бошанд. Аммо дар мадрасаҳо на мутахассисони варзидаву дорои унвонҳои илмӣ дарс медиҳанд, балкӣ имомҳои деҳа ва муллоҳо машғули омӯзиш ҳастанд, ки худ донишҳои кофӣ надоранд. Бояд барномаҳои дарсии ин муассисаҳо санҷида шаванд", - афзуд вай.

Дар вилояти Ҷалолобод 625 масҷид вуҷуд дорад, ки 547-и он расман сабти ном шудаанд. Ба замми ин, дар минтақа 190 намозхона ва шаш мадраса фаъол аст, ки дар онҳо 830 нафар таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG