Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Путин ваҳдати Аврупоро хатар мехонад


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама мегӯяд, ки ҳамтои русаш Владимир Путин ягонагии Аврупоро таҳдид мешуморад ва барои аз байн бурдани он талош мекунад. Изҳороти Обама дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Си-Би-Эс садо дод, ки қарор аст рӯзи 26 апрел пахш шавад.

Дар робита ба бӯҳрони муҳоҷират Обама гуфт, ки он сиёсати Аврупоро дучори чолиш карда, ба таҳкими нерӯҳои нажодпараст мусоидат мекунад ва таҳдиди аз байн рафтани Иттиҳодияи Аврупоро ба миён меоварад. Дар баъзе ҳолатҳо ин вазъ аз сӯи афроде чун Путин сӯиистифода мешавад, изҳор намуд Барак Обама.

Ба гуфтаи сарвари ИМА, аз тарафи Путин чун таҳдид арзёбӣ шудани Паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо иштибоҳ аст. Ман фикр мекунам, ки ин иштибоҳ аст ва ба ӯ ишора кардам, Аврупои воқеъан мустаҳкаму воҳид, ки бо Русияи нерӯманду сӯи ҷаҳони беруна самтгирифта ҳамкорӣ мекунад – ин роҳи дуруст аст, вале ӯ то ҳанӯз бо ин ақида мутмаин нашудааст, афзуд раисиҷумҳури Амрико,

Мусоҳибаи Барак Обама қабл аз анҷоми сафараш ба Аврупо анҷом шуд. Сарвари Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, имрӯз ба Аврупо зарур аст, ки дар баробари таҳдидҳое чун бӯҳрони муҳоҷират ва исломгароҳои радикалӣ ваҳдату нерӯмандии худро намоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG