Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубин Эргашев: Наход, барои тамрин майдони мувофиқ набошад?


Мубин Эргашев

Мубин Эргашев

Пеш аз бозии "Ал-Файсалӣ"-и Урдун бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар шаҳри Аммон нишасти хабарӣ баргузор шуд.

Пеш аз бозии дастаҳои “Ал-Файсалӣ”-и Урдун ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2016 рӯзи 25 апрел дар шаҳри Аммон нишасти хабарӣ баргузор шуд.

Дар ин нишаст нахуст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфтааст, ки ба шикасти даста дар сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё нигоҳ накарда, "мекӯшем дар ду бозии боқимонда сазовор бозӣ кунем ва беҳтарин сифати худро нишон бидиҳем".

Ӯ афзудаст: “Мо хеле хушҳолем, ки боз ба сарзамини Урдун омадем. Солҳои ахир мо ба ин ҷо зуд-зуд меоем, мардум хеле хайрхоҳу меҳмоннавозанд. Вале, мутаассифона, ин дафъа ҳарифамон моро мутаассир кард. Аввалан, дирӯз ба мо барои тамрин майдони сунъиро пешкаш намуданд, ҳол он ки бозӣ дар майдони рӯпӯшаш табиӣ баргузор мешавад. Наход, дар шаҳри бузурге чун Аммон барои як соати тамрин майдони мувофиқ набошад? Чизи дигаре, ки моро нигарон кард, ба легионери эронии мо Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ бо сабабҳои ба мо номаълум иҷоза нашуд, ки ҳамроҳи даста аз фурудгоҳи Дубай ба Аммон парвоз кунад. Гӯиё ин ба раводид бастагӣ доштааст. Хуб аст, ки баъд аз омадани мо ба Урдун масъала ҳалли худро ёфт ва бозигари мо бо хатти парвози шабона ба Аммон расид ва ба даста пайваст. Барои ҳалли ин масъала маъмурони мо хеле кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Субҳи имрӯз ба мо хабар доданд, ки бозӣ як соат дертар аз вақти муқарраршуда баргузор мешавад. Ҳол он ки нақшаи мо пешакӣ бо дарназардошти ҳар як дақиқа кашида шудааст. Мана бо чунин вазъи бароямон нофаҳмо рӯбарӯ шудем. Дар Душанбе мо рақибамонро гарму ҷӯшон истиқбол карда, ҳамаи хоҳиши меҳмононро ба ҷо оварда будем."

Дар бораи рақибамон ҳаминро гуфтаниам, ки “Ал-Файсалӣ” дастаи пурқувват аст, бозигарони моҳирро ҷамъ овардааст ва мо ба ин даста эҳтиром дорем.”

Баъдан дар ин нишаст Ратеб Ал-Авадат, сармураббии тими «Ал-Файсалӣ», ба хабарнигорон гуфтааст, "мақсади мо маълум аст. Мо мехоҳем, ки дар ин бозӣ пирӯз шавем ва ба даври баъдӣ роҳ ёбем.Вазифаи мо дар гурӯҳ ғолиб шудан аст, дар ин маврид мо бозии плей-оффро дар майдони худ анҷом медиҳем. Мо рақибамонро эҳтиром мекунем. Дар бозии аввал имтиёзҳоро бо ҳам тақсим кардем, қудрати билқувваи “Истиқлол”-ро хеле хуб медонем. Кӯшиш мекунем, ки аз ҷойҳои заифи рақибамон истифода карда, ғолиб шавем."

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016-ро бо дастаи мизбон - «Ал- Файсалӣ» - имрӯз, 26 апрел, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Муҳаммад”-и шаҳри Аммон соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ ва 16:30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ситоди мураббиён бо раҳбарии Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол” , ба ҳайати даста 16 футболбозро дохил кардааст. Вале ду бозигари калидии даста -ҳимоятгарон Ҷаҳонгир Ҷалилов ваДавронҷон Эргашев, ки дар бозиҳои пешин кортҳои барзиёди зард гирифтаанд, ба дархости даста барои бозӣ бо “Ал-Файсалӣ” дохил нашудаанд.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили «Ал-Файсалӣ»:

Дарвозабонҳо - Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев.

Ҳимоятгарон - Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ.

Нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Акмал Холматов, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев.

Ҳамлагарон - Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафт Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол “Нафт Ал-Васат” бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” дар мақоми аввал аст. «Ал-Файсалӣ» бо 8 имтиёз дар мақоми дувум ва «Триполи» бо 4 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

«Истиқлол», ки 12 апрел дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 аз тими “Нафт Ал-Васат”, қаҳрамони феълии Ироқ, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт, шанси ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро комилан аз даст додааст.

Ҷоми АFC-2016

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

4

3

0

1

5-2

9

2.

«Ал-Файсалӣ» (Урдун)

4

2

2

0

6-3

8

3.

«Триполи» (Лубнон)

4

1

1

2

4-6

4

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

0

1

3

1-5

1

Бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG