Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби гузашта бар асари инфиҷори автобус дар шаҳри Еревани Арманистон се нафар кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия аз қавли генерал-майор Николай Григорян, муовини раиси Хадамоти наҷоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон аз инфиҷори маводи тарканда дар автобус хабар додааст.

Ин ҳодиса дар кӯчаи Алабян дар дохили автобуси тамғаи "Богдан" рух додааст. Ҳоло кормандони пулис ва Маркази миллии идораи бӯҳронии Арманистон ин инфиҷорро бозрасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG