Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон аз Покистон хост, ки беҳтар хоҳад буд, агар бар зидди Толибон мубориза кунад, нисбат ба он ки онҳоро ба раванди музокироти сулҳ ҷалб намоянд.

Ашраф Ғанӣ ин суханонро 25 апрел дар порламони кишвараш дар ҳоле изҳор изҳор дошт , ки як ҳафта пеш Толибон дар Кобул ҳамлае анҷом доданд ва дар он 64 нафар кушта, 340 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, Кобул дигар интизор нахоҳад буд, ки Исломобод Толибонро дар Покистон ба музокирот хоҳад овард. Вай афзуд, Покистон бояд “бар зидди ононе, ки раҳбаронашон дар ин кишвар қарор доранд ва он барои Покистон пӯшида нест”, муборизаи мусаллаҳонаро оғоз намояд.

Афғонистону Покистон, Чин ва Амрико моҳҳои охир талош доранд, ки байни Кобулу Толибон музокира анҷом бигирад, вале дар ин кор пешравӣ дида намешавад.

XS
SM
MD
LG