Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия хабарнигори машҳурро боздошт карданд


Ба иттилои мақомоти голландӣ. хабарнигори машҳури Голландия баъд аз як ҳафтаи нашри шарҳҳои интиқодиаш унвонии президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар расонаҳо ва Twitter аз тарафи пулиси Туркия боздошт шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи вазорати корҳои хориҷии Голландия, мақомоти ин кишвар бо Эбру Умар, хабарнигори голландии туркнажод “дар тамос” аст. Ин хабарнигор худ ба ниҳодҳои интизомии Голландия хабар додааст, ки ниҳодҳои интизомии Туркия ӯро дар зодгоҳаш, шаҳри Кушадасӣ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Умар, ӯро дар додгоҳ муҳокима карданд ва бо шарти берун нарафтан аз кишвар аз боздоштгоҳ озод шудааст.

Ин хабарнигори 45-сола ахиран барои як рӯзномаи голландӣ матлаби интиқодие дар бораи президенти Туркияро навишта, қисматҳои онро дар Twitter низ чоп кард. Ба иттилои масъулони рӯзнома, хабарнигор барои шаҳрҳҳои интернетиаш боздошт ва бозпурсӣ шудааст.

Ахиран дар Олмон нисбати як ҳаҷвнигори машҳур барои достони ҳаҷвӣ дар бораи Эрдуғон, ки ӯро дар фишор ба мухолифонаш айбдор мекунанд, парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд. Чунин рафтори мақомот ҷомеаи олмониро ба хашм овард. Дар Твиттери нахуствазири Голландия Марк Рутте хабаре дар бораи сӯҳбаташ бо Умар нашр шуд.

XS
SM
MD
LG