Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Донбасс дар рӯзҳои ахир 3 низомии украинӣ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора намояндаи дастгоҳи президенти Украина дар умури амалиёти низомии шарқи ин кишвар Александр Мотузяник хабар медиҳад.

Киев ва ҷудоихоҳон ҳамдигаро дар якбора зиёд кардани шумори тирпаррониҳо аз миномет ва мошинҳои зиреҳпӯш сӯи маҳалҳои аҳолинишини Донбасс, айдор мекунанд.

Пештар аз ин вазорати мудофиаи Украина хабар дода буд, ки дар тамоми муддати низоъи Донбасс бештар аз 2600 низомии украинӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG