Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арманистон-Озарбойҷон: идомаи тирпаррониҳо


Низомиёни Озарбойҷон шабона 18 мартаба қаламрави Арманистонро тирборон карданд, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати мудофиаи Арманистон.

Пештар вазорати мудофиаи Озарбойҷон хабар дода буд, ки низомиёни арман дар шабонарӯзи гузашта 108 бор муқаррароти оташбас дар хатти тамосро вайрон карданд. Тибқи ин хабар, нерӯҳои низомии арманӣ ҳам аз қаламрави Арманистон ва ҳам аз тарафи “заминҳои ғасбшудаи Озарбойҷон” мавзеъҳои озарбойҷониро тирборон кардаанд. Дар ин тирпаррониҳо аз пулеметҳои калон, минометҳо ва танкҳо истифода шудааст.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон хабар дод, ки низомиёни арман шаби якшанбе дар минтақаи даргирии Қаробоғ талош кардаанд, ки бо тонк ҳамла кунанд. Нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон аз ин ҳамла пешгирӣ карда, як тонкро тахриб карда, сарнишинҳояшро куштаанд.

XS
SM
MD
LG