Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дувумин кишвари рушди сайёҳӣ дар ҷаҳон


Дар гузориши сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) омадааст, соли 2015 ба Тоҷикистон 414 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 94 дарсад бештар аст.

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки як ниҳоди вобаста ба СММ мебошад, дар як гузориши тозаи худ, ки бар асоси таҳлилҳои соли 2015 натиҷагирӣ кардааст, Тоҷикистон, Парагвай (кишваре дар Амрикои Ҷанубӣ) ва Ниуэ - ҷазирае дар шоҳигарии Зеландияи Навро се кишваре донистааст, ки сайёҳӣ он ҷо бо суръати хеле баланд рушд мекунад. Тоҷикистон аз нигоҳи рушди сайёҳӣ миёни ин се кишвар дар ҷои дувум меистад.

“Тоҷикистон як кишвари хурд, қашшоқ ва камтаваҷҷуҳ дар Осиёи Марказӣ аст. Бо ин ҳол, қаторкуҳҳои зебои Помир ва дигар манзараҳои беназири ин кишвар ҷаҳонгардонро барои сайёҳати ғайриоддӣ ба ин кишвар ҷалб кардааст. Шоҳроҳи маъруфи абрешим аз ҳудуди ин кишвар мегузарад. Дар Душанбе бузургтарин пайкараи қадимии Буддо нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳар сайёҳ талоши дидани онро мекунад”, - гуфта шудааст дар гузориш.

Соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ онро дар қиёс ба соли 2014 ду баробар бештар медонанд.

XS
SM
MD
LG