Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 сол ҳукми раиси "Агроинвестбонк" дар Фархор


Додгоҳи ноҳияи Фархор раҳбари намояндагии “Агроинвестбонк” дар ин ноҳияро ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.

Масъулони додгоҳи ноҳияи Фархор рӯзи душанбеи 25 апрел зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдуҷаббор Шоев барои азхудкунии маблағи 1, 5 миллион сомонӣ муҷрим шинохта шудааст.

Раҳбари намояндагии “Агроинвестбонк”моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шуда буд.

Маҳкум ба 10 соли зиндон шудани раҳбари намояндагии “Агроинвестбонк” – и ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки Исҳоқ Шарифов, раиси намояндагии “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Муъминобод дар се моҳи пеш ба ҷурми исрофкорӣ, қаллобӣ ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар охирҳои соли гузашта ба хотири аз вартаи мушкилоти молӣ наҷот додани “Агроинвестбонк”, ки раҳбариашро муовини собиқи сарвазир Муродалӣ Алимардон бар ӯҳда дорад, як барномаи вижа тасвиб кард. Дар ин барнома, аз ҷумла, Додситонии кулл, Оҷонсии зидди коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар ниҳоди масъули давлатӣ муваззаф шудаанд, то барои баргардондани қарзҳои "Агроинвестбонк" аз ширкатҳову корхонаҳо ва афроди алоҳида кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG